Навиди Вазорат

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара

.

24.05.2019 14:21, ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд. Айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хуроки чорво идома дорад.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

.

24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

.

24.05.2019 10:59, ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Дар мулоқоти соли гузашта мо масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳбарону масъулонро вазифадор карда будем, ки доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.