Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони кишоварзии хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" -и деҳоти Оқсу дидан намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.


Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.




