Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд
Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли дуюм аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президент ва Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ҷашни 30–солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи бузурги таърихӣ раванди ободониву бунёдкориро вусъат бахшида истодаанд.