Навиди Вазорат

Суханронӣ дар мулоқот бо кӯдакони ятим дар шаҳри Хуҷанд

.

 

Фарзандони азиз ва ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои оғози фасли зебои баҳор сурат мегирад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, фарзандони азиз, устодони арҷманд ва ҳозирини гиромиро бо фарорасии баҳор ва ҷашни фархундаи миллиамон - Наврӯз табрик мегӯям.

Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд

.

 

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ифтитоҳи бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд

.

 

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.