Навиди Вазорат

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа

.

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути  ҳавопаймои низомии нақлиётӣ дар шимоли Алҷазоир, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

.

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд.

Дар даромадгоҳи қисми ҷанубии боғ муҷассамаи барқади шоири классики тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мавҷуд аст.

ТАЪИНОТИ КАДРӢ. Имрӯз Пешвои миллат дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

.

11 апрели соли 2018 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон ҳидоят намуданд.