Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон"
Рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.