Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»-и шаҳри Турсунзода
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуданд.