Навиди Вазорат

Ҷаласаи 6-уми комиссияи байниҳукуматӣ дар Вазорат

.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 3 июли соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Мизи мудаввари навбатӣ дар Вазорат

.

 “Банқшагирии рушди маҳаллӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъда” таҳти чунин унвон 25 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (Исфара, Рашт, Кӯлоб, Истаравшан, Ҷалолиддини Румӣ ва Шуғнон) – и кишвар баргузор гардид. 

Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум

.

17 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ байни Котиботи Давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SECO), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Федералии моликияти зеҳнии Швейтсария ба имзо расонида шуд.