Навиди Вазорат

Иштироки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи сатҳи баланди созмони Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ)

.

  

Рӯзҳои 30 - 31 майи соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сатҳи баланди созмони Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо ҳайати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

29 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсай Сиютзюн баргузор шуд, ки дар доираи он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои рушди иқтисод, савдо, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд.

Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ширкати Eging PV Technology Co., LTD оид ба сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

.

  

29 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи минтақавии ширкати Eging PV Technology Co., LTD дар Осиёи Марказӣ - Менг Ёнгфанг баргузор гардид.