Навиди Вазорат

Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат

.

  

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.

Мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА

.

  

24 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби иштирок дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин бо Роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (АРБИМА) хонум Саманта Пауэр барпо гардид.

Иштирок дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар сиғаи С5+1

.

  

24 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар сиғаи С5+1 баргузор гардид.