Навиди Вазорат

Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид

.

14 марти соли 2023 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNSDCF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба тасдиқи Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид.

Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

14 марти соли 2023 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Варзоб, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.

Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот

.

14 марти соли 2023 ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.