Навиди Вазорат

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ

.

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.

Тақвият додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон

.

22 октябри соли 2022 вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва ноиби якуми Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) хонума Имото Сачико баргузор гардид.

Ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид

.

20 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Муовини Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Юн Сонг Док баргузор гардид.