Навиди Вазорат

Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”

.

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Бо камоли хушнудӣ ҳузури ҳамаи шуморо дар сарзамини Тоҷикистон барои иштирок дар ин конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир бахшида шудааст, хайрамақдам мегӯям.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо иштироки муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

.

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.