Навиди Вазорат

Бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 октябри соли 2022 бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.

Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд ва мутахассисони Агентии давлатии хизмати давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

10 октябри соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Бонки Исломии Рушд ва намояндагони Агентии давлатии хизмати давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҷрибаи Озарбойҷон дар таҳияи модели ASAN Xidmet баргузор гардид.