Навиди Вазорат

Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

.

4 октябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимли, коршиносони бонки мазкур Чарлз Харпи ва Анелия Мюллер баргузор гардид.

Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳии лоиҳаи «Низоми назоратии ASYCUDA»

.

4 октябри соли 2022 маросими ифтитоҳии лоиҳаи «Шомил шудан ба низоми назоратии ASYCUDA ва роҳандозии барномаи ислоҳоти фаъолияти низоми гумрукӣ» бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.