Навиди Вазорат

Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид.

.

Санаи 22 сентябри соли 2022 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо маҷлиси навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой ифтитоҳ намуд. Дар ҷаласа намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Мирзо Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

.

Рӯзҳои 19-22 сентябри соли 2022 ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Муовини Вазири молияи Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал-Саъд ал-Мунифӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон

.

21 сентябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид.