Навиди Вазорат

Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

21 ноябри соли 2022 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Рейнис Трокша вохӯрӣ баргузор намуданд.

Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

.

Рӯзи 18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Маркази (СПЕКА) бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии СПЕКА дар мавзӯи «Ояндаи сабзтар ва беҳтар» иштирок намуд

.

Рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон 17-умин Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи «Ояндаи сабзтар ва беҳтар» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.