Дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид
Дар охирон рӯзи фасли тирамоҳ, 30 ноябри соли 2021 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва муаррифии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои кишвар бо иштироки Раиси Вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, инчунин дигар меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.