Ифтитоҳи Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” дар шаҳри Душанбе
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.