Навиди Вазорат

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

.

27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»

.

22 декабри соли 2021 бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар» хонум Париноз Пешдодиён баргузор гардид.

Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

22 декабри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ" -ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.