Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Қазоқистон, Хитой, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Корея

.

12 январи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное