Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023

.

Санаи 23 ноябри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

22 ноябри соли 2022 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

22 ноябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франсиско Саҳорес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное