Июн 2018

11 Июн 2018

Баррасии ҳамкориҳо бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр»

4 июни соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр», ки таҳти роҳбарии раиси Гурӯҳи мазкур Шҳям Сингҳания ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Читать далее

01 Июн 2018

Оид ба натиҷаҳои Анҷуманҳои байналмилалии иқтисодӣ

Ҳамасола Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаҳои алоҳидаи он чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар баргузор менамояд, ки барои ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ такони ҷиддӣ дода, барои рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки 13 октябри соли 2017 дар ноҳияи Данғара Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» баргузор гардид. Дар анҷумани мазкур намоядагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон инчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва соҳибкорони хориҷию ватанӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд.

Читать далее

Оид ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)

Ба ҳолати семоҳаи якуми соли 2018 дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 63 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъекти МОИ ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” рост меоянд. Аз шумораи умумии субъектон 27 ширкат аллакай истеҳсолотро шурӯъ намудааст, ки бозори фурӯши маҳсулотҳои онҳо ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россияро дар бар мегирад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ низ бақайдгирии субъектҳои нав дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки самтҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, логистикӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Инчунин, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот мусоидат хоҳанд кард.

Читать далее

Оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №664 Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро оид ба рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки 23 декабри соли 2017 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои ҳуқуқӣ, андозию гумрукӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз натиҷаи иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон гузориши таҳлилӣ пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2018

Дар соли 2018 ба вазорат 15143 адад мактуб, аз ҷумла 3880 адад аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, 9485 адад аз вазорату идораҳо (аз ҷумла 557 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 255 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 760 адад аз мамлакатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 303 адад мактубҳои махфӣ, 46 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 414 адад дархосту супоришҳо аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 5495 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 232 адад мактуби махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ тибқи Нақшаи тасдиқгардида аз тарафи Вазири рушди иқтисод ва савдо 32 нафар, инчунин аз ҷониби муовинони Вазир шаҳрвандон мунтазам тибқи нақша қабул гардида, масъалаҳои аз тарафи шаҳрвандон пешниҳодгардида баррасӣ ва дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаю тартиботи мавҷуда ҳаллу фасл карда шуданд.

Дар соли 2018 вазорат 71 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 39 лоиҳа қабул гардида, 19 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳову супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 15 фармоиши назоратӣ таҳия гардиданд, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Инчунин аз ҷониби вазорат ба зиёда аз 50 муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ маълумоти дахлдор доир ба фаъолияти вазорат ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ пешниҳод карда шуд.

 

Дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявӣ

Бо мақсади такмили низоми дурнамосозӣ ва мутобиқ намудани он бо вазъи имрӯза лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгирӣ ёфт.

Тибқи талаботи қонуни мазкур як қатор лоиҳаҳои санади зерқонунӣ таҳия гардидаанд, ки дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд, аз ҷумла лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ», «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №649» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар солҳои 2019-2025».

Ҳамзамон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021» таҳия гардид, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 01 августи соли 2018, №371 тасдиқ гардид.

 

Дар самти таҳлили рушди иқтисодиёти кишвар

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат гузориши таҳлилӣ доир ба вазъи иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар семоҳаи якум, дуюм ва сеюми соли 2018 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Инчунин ҳармоҳа гузоришҳои таҳлилӣ оид ба вазъи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ҳар ҳафта маълумотномаи ҳафтаинаи таҳлилӣ доир ба равандҳои глобалӣ дар иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо назардошти тағийр ёфтани вазъи геосиёсии ҷаҳонӣ, қатъитар шудани таҳримҳои зидди кишварҳои асосии тиҷоратиамон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» аз 30 ноябри соли 2018, №557 ба тасвиб расид.

Инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июни соли 2018, №331 қабул гардида, 14 декабри соли 2018 ҷаласаи нахустини баргузор шуд.

 

Дар самти рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохтор

Ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот 12 апрели соли ҷорӣ дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон вазорат рафти иҷрои бандҳои Протоколи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содиротро пайваста пайгирӣ намуда, вобаста ба иҷрои онҳо ҳар моҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.

Инчунин вазорат ҳармоҳа гузоришҳои муфассалро оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

 

Дар самти таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Бо мақсади омодагӣ ба сафарҳои расмӣ ва кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорат маълумотномаҳои таҳлилии вазъи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо бо ин давлатҳо таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод карда шуданд.

Бо мақсади дастгирии рушди соҳаи иҷтимоӣ Шартномаи маблағгузорӣ барои «Барномаи мубориза бар зидди бемориҳои сил марҳилаи 5» ва Шартномаи маблағгузорӣ барои Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ ҷиҳати мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар моҳи июли соли 2018 ба имзо расонида шуда, азхудкунии маблағҳо таъмин гардида истодаанд.

Дар соли 2018 ҷаласаҳои комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо 11 давлат, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Иттиҳоди Аврупо, Арабистони Саудӣ, Хитой, Қатар, Корея ва Олмон баргузор гардид.

 

Дар самти сиёсати сармоягузорӣ, татбиқи стратегияҳои рушди кишвар ва рушди минтақаҳо

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани Барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 марти соли 2018, №161 қабул гардиданд.

Инчунин номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар соли 2017 сохташавандаи фармоишгарон мувофиқа карда шуда, дар ин самт маълумоти муфассал ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.

Дар давраи Мониторинги иҷрои 37 барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ гузаронида шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои таҳлилӣ ирсол шудаанд.

Дар ин давра Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ» аз 29 декабри соли 2018, № 615 тасдиқ шудааст.

Инчунин ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузоркарда шуд.

 

Дар самти тақвияти савдои дохилию хориҷӣ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар давраи сипаригардида як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориши муфасал ирсол намуд.

Аз ҷониби Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот 44 номгӯйи маҳсулоти ғизоӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, 124 тавсия ҷиҳати дастури минбаъда ба вазорату идораҳо тавассути Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

Бо мақсади ҳимоя ва ҳавасмандгардонии молистеҳсолкунандагони ватанӣ барои истифода намудани иқтидору имконоти мавҷудаи истеҳсолӣ, инчунин рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ барои дастрасии онҳо ба бозорҳои хориҷӣ ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 августи соли 2018, №399 қабул гардид.

 

Дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ

Дар соли 2018 аз ҷониби вазорат нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2018-2019 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гадид.

Инчунин ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии амалисозии «Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» баргузор карда шуд.

 

Дар самти танзими соҳаи моликияти саноатӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба арзномадеҳон 861 ҳуҷҷати ҳифозатии объектҳои моликияти саноатиро супоридааст, ки аз онҳо 1 адад патент ба ихтироъ, 4 адад гувоҳномаи муаллифӣ ба ихтироъ, 96 ҳуҷҷат ба нахустпатент, 375 гувоҳномаи муаллифӣ ба нахустпатент, 4 адад патент ба намунаи саноатӣ, 4 адад гувоҳномаи муаллифӣ ба намунаи саноатӣ ва 376 шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ дахл дорад.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное