12 Сентябр 2018
Гузоштани санги асос барои бунёди 2 бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа
- Подробности статьи
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.
Читать далееВохурии Вазир бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Виорел Гутсу, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.
Читать далееВохурии Вазир бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
- Подробности статьи
Рӯзи 11 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки таҳти роҳбарии хонум Падамҷӣ Ханделвал ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.
Читать далееСафари корӣ вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
- Подробности статьи
Тибқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба 27 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзид.
Читать далее