Навиди иқтисодӣ

Иттиҳоди Аврупо музокиротро оид ба тарофаҳо бо ИМА қатъ мекунад, агар онҳо маҳдудиятҳои навро ҷорӣ кунанд

.

Тибқи иттилои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Аврупо метавонад музокиротро бо ИМА оид ба шартнома ҷиҳати бекор кардани боҷҳо ба молҳои саноатӣ дар мавриди аз ҷониби Вашингтон ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ ба маҳсулоти аз Иттиҳоди Аврупо воридшаванда қатъ намояд.

ИМА барои бастани созишнома бо Пекин мусолеҳа намуда истодааст

.

Аз рӯи маълумоти нашрияи «Вести.Экономика» Вашингтон қаблан ҷониби Пекинро барои манъ кардани кумакпулиҳои соҳаи саноат таъкид мекард, ҳоло бошад ба ҳадафҳои нисбатан нишонрас гузаштааст.

Баҳодиҳии Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд оид ба вазъи иқтисодиёти ИМА, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва савдои ҷаҳонӣ

.

Тибқи гузориши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) бо назардошти низоъҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба боҷҳои гумрукии ҷоринамуда рушди савдои ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар сатҳи 0,4 банди фоизӣ суст мегардад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное