Ифтитоҳи корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе
17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиркон» ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи нави коркарди санг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур дар миқиёси мамлакат калонтарин корхони коркарди санг ба шумор рафта, аз шаш хатти истеҳсолии муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосир иборат мебошад.
Масоҳати умумии Корхонаи нави коркарди санг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Зиркон» 4 гектарро ташкил дода, дар он беш аз 160 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар як сол зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ сангро дар шаклҳои гуногун бо сатҳу сифати баланд коркард менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар як хатти истеҳсолӣ хусусиятҳои ба худ хос доранд ва аз як дигар фарқ мекунанд.
Коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз санг дар корхона бо андоза ва намудҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Дар корхона барои буридани тахтасангҳои андозаашон гуногун, инчунин таҷҳизоти махсус дар самти буридани сангҳои калонҳаҷм мавҷуд аст, ки дар дигар корхонаҳои коркарди санги мамлакат ин гуна технология то ҳол мавҷуд нест.
Корҳои суфтакунию сайқалдиҳии санг, молидани ширеш ва хушк кардани он, андозагириву буридани маҳсулот, сутунпояву дастпояҳо, аз лиҳози бехатарӣ дуруст насб намудани фаскаҳо, шаклгириву андозагирӣ ҳангоми коркарди сангҳо, тарошидани андозаҳои қисми болоии санг, насби симтурҳо дар пушти санг бо мақсади мустаҳкам будан ҳангоми интиқол, тарошидани дилхоҳ шакли меъморӣ ва кандакории сутунҳо дар корхона тавассути дастгоҳҳо ба таври автоматӣ иҷро карда мешаванд.
Корхонаи нави коркарди санг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи мустақим бунёд гардидааст.
Аснои шиносоии Сарвари давлат гуфта шуд, ки дар корхона зиёда аз 20 намуди санг коркард шуда, дар як вақт имкон аст, бештар аз 50 намуди маҳсулот аз санг истеҳсол карда шавад.
Аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ бо андозаҳои гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, зертахтаи роғҳои байни фарш ва девор, сафолакҳои сангин, зинаҳо, зерпоя, сабадҳои ҳархела, лавҳи хӯрокпазӣ, зертахтаҳои тиреза, ҳайкалҳо, шипангчаҳо, оташдонҳо, сутунҳои калонҳаҷми гуногуншакл бо нақшу нигори миллӣ ва дигар намуди маҳсулот аз санг дар шаклҳои муосири санъати меъморӣ истеҳсол мешаванд.
Инчунин дар корхона сехи истеҳсоли сафолак мавҷуд аст, ки бо андоза, қолаб ва рангҳои гуногуни ороишоти миллӣ ва аврупоӣ, мувофиқ ба завқу салиқа ва фармоиши мизоҷон истеҳсол карда мешавад. Сехи мазкур бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири олмонӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки имкон дорад дар як шабонарӯз аз 200 то 250 метри мураббаъ сафолак истеҳсол намояд.
Ба ғайр аз ин дар коргоҳ истеҳсоли ду намуд девори ҳимоявӣ барои канори роҳ бо иқтидори зиёда аз 900 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ дар корхонаи нави коркарди санг зиёда аз 40 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардидааст.
Ин дастгоҳҳо бо низоми идоракунии барномавии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, дар дилхоҳ шакл нақшҳоро болои санг қолабгирӣ, ороиш ва тасвир менамоянд. Бо ҳамин усул маҳсулот ба маводи мавзун табдил меёбад.
То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин технология танҳо барои ороиш дар рӯйи чубу тахта мавҷуд буд. Акнун бо таъсиси ин корхона бо истифода аз техника ва технологияи баландсифати замонавӣ ороиш дар рӯйи санг низ имконпазир гардид, ки талаботи имрӯзаи бозори масолеҳи сохтмониро метавонад қонеъ гардонад.
Бештари техникаҳои насбшуда ҳангоми буриш ва ороиши санг бо об кор мекунанд. Бо назардошти ин дар корхона пойгоҳи махсуси обрасонӣ бо ғунҷоиши 1200 метри кубӣ сохта шудааст, ки баъд аз полоиш тавассути насосҳо об гардиш хӯрда, дубора ба дастгоҳҳо интиқол дода мешавад.
Ба ақидаи мутахассисон пойгоҳи махсуси обрасонӣ аз лиҳози экологӣ ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Заминаи асосии фаъолияти корхонаро сангҳои табиии кишвар ташкил медиҳанд.
Сангҳо аз захираҳои табиии мамлакат, ки дар ноҳияҳои Шаҳритус, Шаҳристон, Рӯдакӣ, Ванҷ ва Варзоб мавҷуданд, тавассути воситаҳои нақлиёти боркаш оварда мешавад.
Аз рӯйи тадқиқоти иктишофию геологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, сангҳои мармар, ки аз конҳои кишвари азизамон истихроҷ мешаванд, дар олам ба гурӯҳи сангҳои нодир шомил мебошанд ва аз лиҳози сифат навъи аъло дониста мешаванд. Ин сангҳо дар радифи дигар сангҳои маъруфи ҷаҳон шуҳрати воло доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои истихроҷи санг дар конҳои мамлакат тариқи технологияи ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти корхона аз рӯи сифати рангу ороиш бо истеҳсолоти кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба монанди Италия, Финляндия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва дигар мамолики олам рақобатпазир аст.
Маҳсулоти корхона, аллакай, талаботи худро пайдо намуда, он ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Олмон ва Қатар содирот карда мешавад.
Ба ақидаи мутахассисон бунёди чунин корхона дар саноати кӯҳкорӣ ва истифодаи захираҳои табиии кишвар барои рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу технологияи муосир ба бунёдгузорони кохонаи истеҳсолӣ дар мамлакат изҳори сипос намуда, барои истифода оқилонаву самараноки захираҳои табиии мамлакат дар самти истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба масъулон дастури ҳидоятҳои мушаххас доданд.