Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи 6-уми комиссияи байниҳукуматӣ дар Вазорат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 3 июли соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Усмонзода Усмоналӣ- Вазири энергетика ва захираҳои об роҳбарӣ намуд. Ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитойро ҷаноби Чжун Шан, Намоянда оид ба гуфтушунидҳои байналмилалии тиҷоратӣ (дар сатҳи Вазир) роҳбарӣ карданд.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва техникию иқтисодӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва намояндагиҳои он дар ҳудуди ҳар ду ҷониб дода шуд.

Қобили тазаккур аст, ки омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноати сабук, кори бонкӣ ва суғурта аз мавзуъҳои дигари гуфтушунидҳо буд.

Дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное