Навиди Вазорат



Ҷаласаи вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

14 октябри соли 2021 тариқи видеоконфронс ҷаласаи навбатии вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуда, бо ҳамтоёни худ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар баромади худ қайд кард, ки дар 9 моҳи соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ беш аз 59 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои кишварро ташкил намуда, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти СҲШ пешниҳод шуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное