Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

3 марти соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Пак Чон Су дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ муҳтарам Мун Чжэ Ин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи баланд баромадаанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ, рушди минбаъдаи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд.

Инчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ҷудо намудани маблағҳои грантии ҷониби Кореяи Ҷанубӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ, энергетика ва дигарҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное