Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии ҳамкориҳои самарабахш бо Туркия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркия мавзӯи асосии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия ҷаноби Мустафо Кабакчӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш гардид, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.

Ҳангоми вохӯрӣ аз тамоюли рушдёбандаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ намуда шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 650 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар муддати 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 456,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар ин замина таносуби воридоту содирот андак аст.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра ибрози назар намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное