Навиди Вазорат



Суханронии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи пленарии Форуми иқтисодии СҲШ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

16-17 августии соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, инчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорат Дилшод Шарифи дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар Форуми мазкур кишварҳои аъзои СҲШ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону кишварҳои СҲШ дар нимсолаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст.

Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар тӯли беш аз 20 сол мо тавонистем дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкорӣ ба роҳ монем, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии Созмон нигаронида шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори ин Созмон мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное