Навиди Вазорат



Суханронии сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи пленарии Форуми иқтисодии СҲШ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Дар рӯзи дуввуми Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) 17 августии соли 2022 сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорат Дилшод Шарифӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, бо суханрони иштирок намуд.

Д. Шарифӣ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону кишварҳои СҲШ дар нимсолаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар чаҳорчӯби СҲШ мебошад.

Бо қаноатмандӣ қайд кардан мумкин, ки кишварҳои СҲШ шарикони асосии тиҷоратии мо мебошанд. Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ қариб 2,4 миллиард долларро ташкил дода, ин рақам дар муқоиса бо давраи қаблии соли 2021 641,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои муосир инчунин иқтисоди сабз, содагардонии расмиёти савдо ва тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфросохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкори манзур гардиданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное