Навиди Вазорат



Бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 октябри соли 2022 бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия Шоҳиён З. С., муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. Р., муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо, раисони ҷамоати шаҳрак ва деҳот, имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолони ҷомеъа иштирок намуданд. Дар маҷлис ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои анҷомдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2022 шунида шуд.

Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои сифатноку саривақтии супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ, омодагӣ ба кишти барвақтӣ, зимистонгузаронӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин дар рафти сафар Завқизода З. А. аз раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди биною иншоот, биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, гармхонаҳо ва боғҳои нави интенсивӣ дидан намуда, ба масъулон супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноку саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное