Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд ва мутахассисони Агентии давлатии хизмати давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

10 октябри соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Бонки Исломии Рушд ва намояндагони Агентии давлатии хизмати давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҷрибаи Озарбойҷон дар таҳияи модели ASAN Xidmet баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва васеъ ҷорӣ намудани унсурҳои иқтисоди рақамӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар робита ба ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020, №370 вазорат мақоми ваколатдор дар соҳаи иқтисоди рақамӣ муайян гардида, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №627 масъалаҳои таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар ба вазорат вогузор гардида, дар сохтори вазорат Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот масъалаи гузаронидани тадқиқоти ҳамаҷонибаи ташхисӣ барои арзёбии заминаи меъёрӣ, сохтори институтсионалии иқтисоди рақамӣ ва таҳияи модели самараноки идоракунии электронӣ бо истифода аз таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное