Навиди Вазорат



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 1 декабри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» баргузор гардида, дар он омодагии дар вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.  

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захирамамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное