Навиди Вазорат



Баргузории вохӯрӣ вобаста ба масъалаи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати рушди иктисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат вохӯрӣ ва мусоҳиба вобаста ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

Дар робита ба ин Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Дар ҷамъомад сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Назриён Васлибек Қурбон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное