Навиди Вазорат



Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти вазирони кишварҳои аъзои SPECA иштирок намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 17 апрели соли 2023 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти вазирони кишварҳои аъзои Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар ҳошияи ҷаласаи 70-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои кишварҳои Аврупо (UNECE) баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин иштирок намуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси UNECE ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (UN ESCAP) таҳти раисии Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба дурнамои асосии пайдо намудани диверсификатсияи роҳҳои транзитӣ ва қабули харитаи роҳ дар ин самт, содагардонии расмиёти савдову нақлиёт, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабз дар минтақа, инчунин таъсиси фонд ва котиботи SPECA мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.

Нуриддинзода А. ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар чорабинӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ оид ба самтҳои қайдгардида як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст ва вобаста ба ин масъалаҳо маълумот манзур намуда, мавқеи кишварро бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ муаррифӣ кард.

Ҳамзамон дар чорабинӣ намояндагон ва коршиносони дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими Женева иштирок намуданд. Қайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон раисии SPECA-ро дар соли ҷорӣ бар уҳда дошта, баргузории чорабиниҳои он, ба мисли Шӯрои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии барнома дар ин кишвар дар назар аст.

Инчунин дар охири мулоқот ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳои аъзои SPECA “Эъломияи вазирон” барои баррасӣ пешниҳод гардид.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное