Ҳамоиши байналмилалии савдо ва сармоягузорӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамоиши байналмилалии «Савдо ва сармоягузорӣ» бо иштироки ҳайати баландпояи Котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо, масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва бахши хусусӣ доир гардид.

Чорабинии мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдо Н. Ҳикматуллозода оғоз бахшида, оид ба муҳиммияти ҳамгироии кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, рақобатпазирии молҳои ватанӣ ва афзалиятҳои аъзогӣ дар СУС ибрози ақида намуданд.

Директори кишварии Бонки Осиёигии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю аз ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба лоиҳаҳои амалишаванда бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя суханронӣ намуданд.

Ҷаноби Чиеду Осакве Директори Департаменти шомилшавии кишварҳо ба СУС оид ба муҳиммияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи савдо суханронӣ намуда, аз афзалиятҳое, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои СУС метавонад бархурдор гардад, мисолҳои мушаххас оварданд.

Сипас, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя- Қирғизистон ва Қазоқистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ гардид. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное