Навиди Вазорат



Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми байналмилалии Остона

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8 июни соли 2023 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар ҳошияи Форуми байналмилалии Остона, ки рӯзҳои 8-9 июни соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид, ширкат ва дар яке аз ҷаласаҳои он зери унвони «Осиёи Марказӣ дар низоми савдои бисёрҷониба: муҳимияти шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» суханронӣ намуд.

Дар кори Форуми мазкур намояндагони ҳайатҳои баландпояи кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорӣ ва доираҳои илмӣ ширкат варзида, вобаста ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, аз қабили тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва амнияти энергетикӣ ибрози ақида намуданд.

Дар рафти ҷаласаи Форум зери унвони «Осиёи Марказӣ дар низоми савдои бисёрҷониба: муҳимияти шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи савдои минтақавӣ, рушди иқтидори транзитӣ, дастгирии раванди шомилшавии кишварҳои минтақа ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин дурнамои ҳамгироии амиқи минтақа ба иқтисоди ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, пешбурди содирот ва диверсификатсияи он, инчунин соддагардонии савдоро самтҳои асосии сиёсати савдои Ҳукумати кишвар муайян кардаанд.

Зимни суханронӣ Нуриддинзода А. Н. дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 соли узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмони номбурда, инчунин иқтидор ва имкониятҳои васеи тиҷоративу иқтисодии кишварро муаррифӣ намуда, узвият дар ин Созмонро ҷиҳати рушди истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъмини савдои озод, баромадан ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҳалли баҳсҳо муҳим арзёбӣ кард.

Дар охир Нуриддинзода А. Н. изҳори боварӣ намуд, ки Форуми имрӯза барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ ва ҳамгироии амиқи Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт ва аз ташкилотҳои байналмилаливу намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва соҳибкорон даъват намуд, ки ҳамкориҳоро минбаъд низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба рушди устувор дар оянда идома диҳанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное