Навиди Вазорат



Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

7-уми июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон баргузор гардид.

Илова бар ин дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илхам Алиев муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нави боэътимод баромаданд.

Дар ҷаласаи комиссия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, ҷалби сармоя барои азнавсозии ҶСК “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷуиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба лоиҳаҳои мушаххас татбиқ менамоянд.

Дар анҷоми ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳайати расмии Тоҷикистон ҳамчун нишони эҳтиром ва ёдбуд ба оромгоҳи Асосгузори Озорбойҷони муосир ва Пешвои умумимиллии Озорбойҷон муҳтарам Гейдар Алиев ва шаҳидони Озорбойҷон гулчамбар гузошт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное