Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

1 декабри соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи БҲИМОМ баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Восидиён Ф. С. ба ҷониби Гурҷистон барои сатҳи баланди омодагӣ ва ташкили ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи БҲИМОМ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи БҲИМОМ таваҷҷуҳи хоса дода, аз кишварҳои аъзои он даъват намуд, ки ҳамкориҳои зичи минтақавиро тақвият бахшанд.

Дар ҷаласа Нақшаи амалиётии Институти ҲИМОМ барои солҳои 2024-2025, Нақшаи қабули кормандон, Нақшаи буҷет барои соли 2024 ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Дар робита ба масъалаҳои баррасишаванда Роҳбари ҳайати Тоҷикистон пешниҳод намуд, фаъолияти тадқиқотии Институти ҲИМОМ дар самтҳои ташкил ва баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, ҷалби олимон ва пажӯҳишгоҳҳои маҳаллӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ тақвият дода шавад.
 
Дар охири чорабинӣ Шӯрои роҳбарикунанда қарорҳои дахлдорро дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо қабул кард.

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное