Навиди Вазорат



Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

15 январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии Восидиён Ф. С. оғоз гардида, тибқи маъруза доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини директори муассиса – Солиҳзода С. Ҳ. дар шакли рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.

Қайд гардид, ки вобаста ба тақвияти соҳа, таъмини рушди нишондиҳандаҳои моликияти саноатӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин давра корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки дар ин давра муассиса пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосии худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот, рақамикунонии соҳа, ташаккули захираи миллии иттилоотӣ ва пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ равона намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии муассиса иштироки ихтироъкорон ва навоварони кишвар дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин карда шуд, ки дар натиҷа иштирокчиён соҳиби ҷойҳои намоён ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2023 новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди нишондиҳандаҳои соҳаи моликияти саноатӣ таъмин карда шуд.

Ҳамин тариқ, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2023 ба муассиса 145 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, 1 ариза барои патент ба ихтироъ ва гирифтани патент ба намунаи саноатӣ 1 ариза пешниҳод гардидааст.

Ҷиҳати ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ дар ин давра 767 ариза ва бо расмиёти байналмилалӣ ба муассиса 2094 дархост барои бақайдгирии тамғаи молӣ ворид гардид, ки нисбати соли 2022-юм 156 ва 158 адад мувофиқан зиёд мебошанд.

Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои додашуда 1 патент ба ихтироъ, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ба патент, 128 нахустпатент ба ихтироъ, 606 шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент ва 526 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки дар маҷмуъ фаъолияти муассиса дар ин давра бо назардошти дастовардҳои муҳимми соҳа мусбӣ арзёбӣ гардида, бо таъкид аз натиҷаҳои бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор ва ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳои муфидро манзур намуд.

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное