Навиди Вазорат



Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 октябри соли 2017 дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» баргузор гардид. 

Дар анҷумани мазкур Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Данғара инчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва соҳибкорони хориҷию ватанӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд.

Анҷуманро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки баргузор намудани Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи нек қабул шудааст. Аз ҷумла, чунин анҷуманҳо шурӯъ аз соли 2011 дар иилояти Суғд, соли 2012 дар вилояти Хатлон ва соли 2013 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, соли 2014 дар водии Рашт, соли 2015 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардиданд. Мақсади аз баргузории анҷуманҳои мазкур ташкили шароити мусоид барои муколамаву шиносоӣ, густариши ҳамкориҳо ва дастгирии муносибатҳои байни намояндагони мақомотҳои давлатӣ, бахши хусусӣ дар маҳал ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин дар ин замина таҳияи пешниҳодҳо барои мукаммалгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти минтақаҳо ҷиҳати ҳалли камбудиҳои мавҷуда мебошад.

Сипас, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид қайд намуданд, ки бо мақсади ба низом даровардани раванди рушд дар мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул гардид, ки дар он афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шудаанд. Дар анҷуман ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии оид ба мавзӯъҳои мавриди назар маърӯзаҳо ва ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни анҷуман аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуда ва дар ҳузури онҳо маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли молҳои саноатӣ-ҶДММ «Лолазор-88» бо таъсиси 20 ҷойи навӣ корӣ сурат гирифт.

Дар анҷоми анҷуман, баимзорасонии ёддошти тафоҳумҳо, шартномаҳо ва қабули субъектҳои нав ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар доир гардида, ҳамзамон дар доираи он мазкур намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон ташкил карда шуд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное