Все статьи

18 Июл 2017

Ифтитофи бахши сатҳи баланди Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2017)

17 июли соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бахши сатҳи баланди (мулоқоти вазирон) Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2017) таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC)баргузор гардид.

Читать далее

Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Канада

17 июли соли 2017 дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF), Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд.

Читать далее

Баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

13 июли соли 2017 дар шаҳри Боку чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид баҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Читать далее

13 Июл 2017

Мулоқот бо ҷаноби Саид Оғо

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод бо ҳайати Бонки Исломии Рушд, ки таҳти роҳбарии ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд, ҷаноби Саид Оғо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.

Читать далее

Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ "Сооам Биотех - Ресеарч Фоундейшн"

10 июли соли ҷорӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори генералии Фонди тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ "Сооам Биотех - Ресеарч Фоундейшн" - доктор Хуан Ву Сук баргузор гардид.

Читать далее

23 Июн 2017

Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ширкат варзиданд.

Читать далее

20 Июн 2017

Мулоқои Вазир бо ҳайати Шӯрои директорони БОР

19 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид

16-17 июни соли 2017 ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.

Читать далее

12 Июн 2017

Вохӯрии Н.Ҳикматуллозода бо ҷаноби Чжен Чжи Тсзе

11 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Президенти Бонки давлатии рушди Чин ҷаноби Чжен Чжи Цзе баргузор гардид.

Читать далее

02 Июн 2017

Табрикоти Вазири бахшида ба Рӯзи кормандони савдо

Ҳамкорони арҷманд!

Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ- Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар кишварамон ҳар сол рӯзи якшанбеи аввали моҳи июн таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиатон бахту саодат орзумандам.

Читать далее