Все статьи
28 Сентябр 2023
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид
- Подробности статьи
28 сентябри соли 2023 дар доираи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид.
Читать далееДар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завкӣ Амин бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” Халид Муҳаммад Ҷоло масъалаи маблағгузорӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардид
- Подробности статьи
29 сентябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завкӣ Амин бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” баргузор гардид.
Читать далееВохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор гардид
- Подробности статьи
29 сентябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор гардид.
Читать далееҶаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
28 сентябри соли 2023 зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Оберт Пимидзай ва аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Читать далееИштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ
- Подробности статьи
28 сентябри соли 2023 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Читать далееВохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири тиҷорат, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея
- Подробности статьи
28 майи соли 2023 вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ан ДокКин дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далее27 Сентябр 2023
ЭЪЛОН!Баргузории панели “Рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе - 2023
- Подробности статьи
29 сентябри соли 2023 дар МД “Китобхонаи милии Тоҷикистон” Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе - 2023 баргузор мегардад, ки дар доираи он соати 14:00 -16:00 панели “Рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.
Читать далееИштирок ва суханронии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 22-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
- Подробности статьи
27 сентябри соли 2023 Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дар ҷаласаи 22-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Читать далее25 Сентябр 2023
Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хафвҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
- Подробности статьи
25 сентябри соли 2023 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хафвҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.
Читать далее