Навиди Вазорат

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

.

  

8 декабри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (Роҳбари ҳайат), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шарифӣ Абдулазиз иштирок намуданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Санаи 9 декабри соли 2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

.

  

8 декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.