Навиди Вазорат

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

.

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.

.

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 50 литр равған, 50кг биринҷ, 100кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад, 20кг кӯлчақанд ва 20кг гушти гов расонида шуд.

Баргузории ҷаласа вобаста ба ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати рушди иктисод ва савдо

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.