Суханронии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи пленарии Форуми иқтисодии СҲШ

.

 

 

16-17 августии соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, инчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорат Дилшод Шарифи дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд

.

 

 

15 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов баргузор гардид.

Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

.

 

 

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дидан намуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное