Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 майи соли 2023 вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоњид дар фазои ҳусни тафоҳум ва судманд бо сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи низоми тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳамзамон дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное