Навиди Вазорат



Забони миллат – ҳастии миллат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

29 сентябри соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар он меҳмонон - муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён, Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда - Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.

Сипас, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи забони давлатӣ таҳният намуда, дар идомаи суханронӣ муҳтавои китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро мухтасар шарҳ дод.

Дар ҷамъомад ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод дар мавриди мақому мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ва тоза нигаҳ доштани он андешаҳояшонро байн намуда, ашъори тозаэҷодашонро дар васфи забони модарию Ватан ва ҷавонон пешкаши ҳозирин намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное